Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии “САМО” оғоз бахшиданд

9 сентябр Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии “САМО” оғоз бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманон Тошхӯҷаев бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона дастгоҳу технологияи муосир, ки тавлиди кишварҳои рушдёфта мебошанд, насб карда шудааст.

Дар ин иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд, ки маоши онҳо аз 2 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар корхона наздик ба 60 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи диодӣ, прожекторҳои диодӣ, сутунпояҳо, таҷҳизоти таъминкунандаи қувваи муайяни барқ, камераҳо назоратӣ, радио бо дизайни миллӣ  ва дигар намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, раванди фаъолият бо риоя аз талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро дар амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии давлат-саноатикунонии босуръати кишвар намунаи ибрат гуфтанд ва масъулинро барои васеъ намудани доираи фаъолият, таъмини сифати хуби истеҳсолот ва ба ин васила коҳиш додани ҳаҷми воридоти таҷҳизоти барқӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар саҳни иншоот намунаи маҳсулоти корхона ба намоиш гузошта шуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба рушди саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корхонаҳои саноатии зиёде мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE