Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор
11.09.2024, ноҳияи Сангвор
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон, яъне 33-солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро таҷлил карда истодаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор ва шумо – ҳозирини гиромиро бо ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик мегӯям.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд.
Дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 80 бинову иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳо дар 30 иншоот ба анҷом расонида шудаанд.
Имрӯз дар доираи сафари кории мо як қатор иншооту биноҳои навбунёд ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла майдони Нишони давлатӣ, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия бо тарҳи зебо ва сифати баланд бунёд карда шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия як ҳавзи моҳипарварӣ ва якчанд маркази савдову иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳия ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ин диёри зебоманзар, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чун ҳамеша саҳми арзишманд мегузоранд.
Барои таъмин намудани рушди ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ноҳия 850 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия 220 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудаанд.
Дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ, беҳтар намудани сифати роҳҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ ва барқарорсозии инфрасохтори деҳот то ба ҳол 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи боз 3 лоиҳа идома дорад.
Инчунин, дар ин давра ба ноҳия ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, дар ноҳия барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2021 – 2025-ум амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи он 174 лоиҳа ба маблағи умумии 148 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз 53 лоиҳа ба маблағи 71 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
То имрӯз иҷрои барнома аз рӯи лоиҳаҳо 30 фоиз ва аз рӯи маблағгузорӣ 48 фоиз таъмин шудааст, ки бо дарназардошти кам мондани муҳлати амалишавии он қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидори ноҳия зиёда аз 66 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 62 миллион сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.
Барои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкории мардум, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва афзоиши пешниҳоди хизматрасониҳо муҳим аст, ки барои аҳолӣ ва соҳибкорон дастрасӣ ба воситаҳои молиявии бештар таъмин карда шавад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам шудааст, ки нигаронкунанда мебошад.
Чунин ҳолат андешидани тадбирҳои мушаххасро аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав тақозо менамояд.
Инчунин, дар ноҳия ҳамагӣ 5 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки ин ба ҳадафи саноатикунонии босуръат мутобиқат намекунад.
Зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар ин раванд, ба коркарди ниҳоии ашёи хом, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии ноҳия сол ба сол рушд намуда, бо зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, майдони боғҳо ва саршумори чорво истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулот афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳия, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ солҳои 1995 – 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии сокинони ноҳия 450 гектар замини корам ҷудо карда шуда буд.
Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сокинони ноҳия 170 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ки ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намудааст.
Дар натиҷа соли 2023 дар ноҳия ба маблағи 331 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли аввали соҳибистиқлолии кишвар 42 баробар зиёд мебошад.
Бо вуҷуди дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир будани ноҳия, соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони беш аз 3 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, дар муқоиса бо давраи аввали соҳибистиқлолӣ қариб 1700 гектар ё 2,2 баробар зиёд шудааст.
Кишти ғалладонагиҳо дар муқоиса бо соли 1991-ум 6 баробар, картошка 12, сабзавот 7 ва майдони боғҳо 8 баробар зиёд гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ин давра 34 баробар, картошка 41, сабзавот 28, мева 79, гӯшт 76, шир 11 ва асал 40 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар 6 моҳи соли 2024 кишоварзони ноҳия ба маблағи 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта майдони кишти зироатҳо дар умум 4,2 фоиз, аз ҷумла ғалладонагиҳо 32 ва сабзавот 21 фоиз кам шудааст, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳа зарур аст, ки дар самти истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯйӣ намоянд.
Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд амалӣ гардидаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки 135 километр роҳ аз ҳудуди ноҳия дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду азнавсозӣ карда шавад.
Ҳадафи мо аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъмин намуда, дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳем ва сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки корҳоро дар самти дарёфти сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб тақвият бахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам зиёд карда шуд.
Бо истифода аз маблағҳои ҷудогардида бунёди муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯй, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисос амалӣ карда шудааст.
Дар ин давра, дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 3 муассисаи томактабӣ, 21 маркази инкишофи кӯдак, 44 бинои нави мактаб ва биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар натиҷа шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 52 фоиз зиёд гардид.
Ҳоло дар ноҳия бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои иловагӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 бомаром идома дорад.
Вале бояд гуфт, ки дар ноҳияи Сангвор норасоии омӯзгорони ихтисосманди фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, камбуди китобҳои дарсӣ, нокифоя будани кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таъмирталаб будани як қатор муассисаҳои таълимӣ мушоҳида мегардад, ки барои бартараф кардани онҳо бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар баробари ин, масъалаи норасоии табибони оилавӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия низ бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда шавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳалли масъалаи зикршуда ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ корҳоро тақвият бахшад.
Ҳамчунин, таъкид месозам, ки дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба тарбияи фарзандон, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Зеро фарзандони мо давомдиҳандагони кори мову шумо ва соҳибони ояндаи Ватан ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошанд.
Чуноне ки шумо мушоҳида мекунед, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Сангвор мусоидат карда, дар ояндаи наздик ноҳия аз ин ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар мегардад.
Барои рушди минбаъдаи ноҳия ва баланд бардоштани некӯаҳволии ҳар як оила дар самти боз ҳам афзоиш додани картошкапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки сарчашмаи хуби ташкили ҷойҳои нави кор мебошанд.
Илова бар ин, тавассути ташкили коргоҳу корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, ҷамъовариву коркард кардани гиёҳҳои шифобахш, дӯзандагӣ ва ҳунармандиву косибӣ шумораи зиёди сокинон, аз ҷумла занону духтаронро бо ҷойи кор таъмин кардан мумкин аст.
Бовар дорам, ки роҳбарият ва тамоми сокинони ватандӯсти ноҳия донишу таҷриба, малакаи касбӣ ва саъю кӯшиши худро барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар равона месозанд.
Дар охир барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба сокинони ватандӯсту заҳматқарини ноҳия ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ – барори кор мехоҳам.
Доимо хушбахту пирӯз бошед!