Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бораи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ба имзо расонид
27 сентябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус ба имзо расониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар асоси Ёддошти тафоҳуми баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус мебошанд, аз талаботи гирифтани раводид барои вуруд, хуруҷ, убур ва будубош дар ҳудуди давлати Тарафи дигар ба муҳлати на зиёда аз 90 (навад) рӯз дар муддати 180 (яксаду ҳаштод) рӯз аз санаи вуруди аввалин озод карда мешаванд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур баъд аз 30 (сӣ) рӯзи гарифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, эътибор пайдо мекунад.