Аз шаҳри Душанбе 132 нафар ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифт
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардида, дар он 132 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 84 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 6 нафар омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими мазкур 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 44 нафар ғолиби ҷойи дуюм бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ғолиби ҷойи якум бо “Диплом”, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон барои саҳмгузорӣ дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмун ба 38 нафар ҳайати ҳакамон туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуд.
Таъкид гардид, ки дар пойтахт бо роҳбарӣ ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам барои босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуну чорабиниҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ татбиқ мешаванд.
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе» аз 18 марти соли 2024 ба тасвиб расид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври дуюми озмун, ки нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардид, 8124 нафар иштирок намуда, 492 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт.