Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мавзеъҳои хавфнок дар соҳили сойи Кӯлоб шинос шуд

Дар доираи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо бо мавзеҳои  хавфнок  дар соҳили сойи  Кӯлоб, воқеъ дар деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоб шинос шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Сойи  Кӯлоб аз Ҷамоати деҳоти Зиракӣ сарчашма гирифта, дар ноҳияи Восеъ ба дарёи Ёхсу мерезад. Дарозии иншоот 25 километр буда, аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо дарозии 7,5 км гузашта, барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ ва гузаронидани обҳои сою селпартоҳои Сангпар, Сойи Тебалай, Девонасой, Шураксой, сойи Шулулу ва сойи Ғарабдара хизмат мерасонад.

Бар асари боронгариҳои баҳору тирамоҳи  солҳои гузашта зиёда аз 5,5 км садҳои муҳофизатии соҳили он  аз ҳарду тараф хароб гаштааст. Дар ҳолати рахна шудани он эҳтимол дорад, ки ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор зарари калон расад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷалби диққати масъулин ба тоза нигоҳ доштани ҷӯю каналҳо таъкид дошт, ки тоза нигоҳ доштани ҷӯю заҳбур, канал ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳою кӯлҳо ва мустаҳкам намудани сарбандҳо шарти асосии эминӣ аз хатари сел мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE