Масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд

Тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар заминаи мувофиқаҳои ҳосилшуда байни Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Роман Чекушев ва муовини мудири кулли корхонаи давлатии «Росатом»-и Русия Николай Спасский дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот таҳкими талошҳои муштарак бобати татбиқи бандҳои Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия, аз ҷумла таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни ду давлат, таҳкими робитаҳои саноатӣ байни корхонаҳои соҳавӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар чорабиниҳои якдигар махсус таъкид гардид.

Дар мулоқот идомаи солимгардонии ҳудудҳои аз истеҳсолоти уран зарардидаи ҷумҳурӣ, истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроӣ ва лоиҳаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ низ баррасӣ шуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ва корхонаи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Русия нақшаҳои муштараки ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE