ПИРӮЗИИ НАВБАТИИ НАВРАСОНИ U-17-И КИШВАР ДАР ҶОМИ РУШД 2021

Дидори дуюми мунтахаби наврасони 17-солаи кишвар дар Ҷоми рушд-2021, ки дар кишвари Белорус ҷараён дорад бо ғалабаи калони футболбозони тоҷик пушти сар шуд. Ин навбат низ мисли рақобати аввали худ наврасони 17-солаи кишвар тавонистанд бо ҳисоби 5 бар 1 пирӯз шаванд. Ҳукмиддин Шомуродов дар дақиқаи 28-ум голи нахустини дидорро ба самар расонида дастаашро ба пеш баровард. Бо гузораи 3-дақиқаи Хусрав Тоиров ҳисобро 2 бар 0 кард. Ҳамлаҳои нишонраси наврасони кишвар ончунон босамар буд, ки  Абдулфаттоҳ Худойдодзода бо гузораи 4-дақиқаи дигар голи сеюмро вориди дарвозаи ҳамсолони худ аз кишвар Молдова гардонида ҳисобро 3 бар 0 намуд. Нимаи дуюми рақобат низ барои шербачаҳои тоҷик бо бартарӣ оғоз шуд. Асадбек Ҷурабекзода дар дақиқаи 61-ум голи 4-ум тимашро ба самар расонида ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Талоши наврасони мунтахаби Молодова дар қисми дуюми дидор бештар ба мушоҳида расид. Маҳз ҳамин имконият боис бар он гардид, ки дар дақиқаи 77-ум Ботан Дан голи ягонаи мунтахабашро ба самар расонад. Нуқтаи ниҳоиро дар дидори мазкур Сунатулло Азизов дар дақиқаи 87-ум гузошта бо ҳамин пирӯзии комили тимашро бо ҳисоби 5 бар 1 таъмин сохт.   Акнун наврасони футболи меҳан бозии охирин ва ҳалкунандаи худро рӯзи 6-уми феврал бо мизбони мусобиқа наврасони белорусӣ баргузор менамоянд. Ин рақобат соати 17:30 ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.

Шодонҷон Султонов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE