Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
16-уми октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар оғоз мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ифтитоҳи чорабиниҳо рӯзи 16-уми октябр соати 18:00 дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз ёфта, то 18-уми октябр идома меёбад.
Дар ин рӯз ҳамчунин дидори вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон багузор мегардад, ки дар он ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамарӯза аз соати 17: 30 то 22:00-и шаб идома ёфта, шомили намоишҳои санъатӣ-анъанвии Қатар, намоиши филмҳо аз Бунёди филмҳои “Давҳа-филм”, консерти сарояндаи машҳури Давлати Қатар Мансур Ал-Маҳандӣ, намоиши хурокҳои миллӣ ва ҳинобандӣ ва хаймаи қабули меҳмонон мебошад.
Дар ин миён ҳайати меҳмонони давлати Қатар, ки ҳудуди сад нафарро ташкил медиҳанд аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистон ба мисли НБО Норак, Майдони “Истиқлол”, Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит”ва Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дидан менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ин чорабиниҳо нахустин буда, мутобиқ ба 30 солагии ҳамкориҳои дипломатии ду кишвари ба ҳам дуст рост меояд.