Ҳамоиш бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 баргузор гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва ҳамзамон ҷашни 30-солагии қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд. Чорабиниро Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар сухани ифтитоҳияш иброз дошт, ки _”аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, бо мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст.” Дар идомаи ҳамоиш дигар иштирокдорон дар мавзӯҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати конститутсионӣ», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун», «Нақши конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак» ва масъалахои марбут ба ин ҷашноварҳо маърузаҳо намуданд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Исфандиёр зимни баромадаш нақши Конститутсияро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат барҷаста маънидод кард.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе