Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон масъалаи омоданамоии муҳандисони самти роҳсозӣ баррасӣ гардид
Омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи иншооти «Сохтмони хати нави роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ — Ҷайҳун — Панҷи Поён» дар вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо намояндагони Институти таҳқиқотии роҳи оҳани Корея баррасӣ гардид.
Тавре аз Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, масъалаҳои марбут ба омода намудани муҳандисони самти роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ, такмили барномаҳои таълимии сохтмони роҳҳо дар донишгоҳ, баҳисобгирии тағйирёбии иқлим ҳангоми лоиҳакашии роҳ, кам намудани ҳаҷми газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера ҳангоми роҳсозӣ, стандартҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо, маводи сохтмонӣ, такмили дараҷаи касбии устодон, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён ва амсоли инҳо ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо баргузор намудани машварати омӯзиширо барои омӯзгорону донишҷӯён вобаста ба мавзуъҳои дахлдори самти роҳи оҳан бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам давоми моҳи июн — октябри соли равон дар донишгоҳ баррасӣ намуда, барои мулоқоти судманд ва пешниҳоди мушаххас изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Хатмкунандагони факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар рушду ободонии ҷумҳурӣ дар самти сохтмони роҳҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нақши сазовор гузошта, барои ба ҷумҳурии транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҷрибаи ҷаҳониро амалӣ менамоянд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ