Ифтитоҳи иншоотҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ

01.09.2022. ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои муассисаи таълимии Гимназияи ба номи Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии Гимназия барои 480 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва фаъолияти 48 нафар омӯзгорону кормандон пешбинӣ гардида, он аз 4 ошёна иборат мебошад.
Бино дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Фурузонӣ» бунёд гардидааст. Фармоишгар ҶДММ «АРТ-Иншоот» маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Партнёр» анҷом дода шудааст.
Бинои таълимӣ дорои 12 синфхона, 4 утоқ барои машғулиятҳои гурўҳӣ, бунгоҳи тиббӣ, 2 утоқи техникӣ, хонаи омўзгорон, утоқи шуъбаи техникӣ, китобхона, толори фарҳангӣ, толори варзишӣ, ошхона ва анбори ашёи хоҷагӣ мебошад. Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд.
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи бино гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе бо масъулин суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас буда, дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Истаравшани ноҳияи Шоҳмансур Муассисаи томактабии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар рафти шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 204 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи июли соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.
Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосї» шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.
Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрока, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 9 айвонча, 2 ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва гӯшаҳои махсус сохта шудаанд, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон хеле мувофиқанд.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Худи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори Литсей оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар он шинос гардиданд.
Сохтмони муассиса тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз ҷониби ҶДММ «Толеъ» ба роҳ монда шудааст. Фармоишгари Муассисаи таълимӣ МД «Раёсати сохтмони асосӣ» маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶСК «ПИЛТ САНИИОСП» анҷом дода шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 350 нафар пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дар масоҳати 3664м2 бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво аз ҷумла: озмоишгоҳои химия, физика, синфхонаҳои таълими меҳнат, компютерӣ, биология, ҳарбӣ, ибтидоӣ, умумӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона бо 120 ҷойи нишаст мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ва таъмини шароити таълимӣ диққати бештар зоҳир намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE