Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ арзи сипос намуданд.

«Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем»- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ  зоҳир гардид.

Дар ин робита бештар фаъол намудани Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсис додани Шурои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Баргузории анҷуманҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молу маҳсулот низ ба нафъи ду кишвар дониста шуд.

Ба давлати Кувайт барои саҳмгузории Фонди кувайтӣ оид ба рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон дар самтҳои роҳсозӣ, энергетика ва обрасонӣ изҳори сипос карда шуд.

Ҷалби сармояи кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ низ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар унвон гардид.

Зимни баррасии масоили иҷтимоӣ Амири Давлати Кувайт, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз сиёсати босамари Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувон  ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа бохабаранд ва онҳо низ дар Кувайт ҳамин сиёсатро пеш гирифтаанд ва аз миёни хонумон чандин нафарро ба вазифаҳои роҳбарӣ дар умури давлатӣ таъин намудаанд.

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ дар ҳошияи музокироти имрӯза барои ҷонибҳо судбахш номида шуд.

Зимни баррасии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба давлати Кувайт барои дастгирӣ аз иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзи сипос карда шуд.  Изҳори умед карда шуд, ки кишвари дӯст аз қабули Қатъномаи Созмони Милал аз рӯи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда” ҳам ҷонибдорӣ мекунад.

Бо назардошти хавфу таҳдидҳои замони муосир ба амну субот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дошт.

Дар интиҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Кувайт даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE