Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд.

Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар — шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олимақом дар фурудгоҳи Ал-Кувайт, ҳамчунин намояндагони воломақоми ин кишвар, ашхоси аршади Девони Амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи Горди амирӣ ҳузур доштанд.

Маросими истиқболи расмӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги амирии фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор шуд.

Баъди пазироии гарму самимии меҳмони олимақом Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд ва сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо дод.

Сипас фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон ва Амири Давлати Кувайт бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар анҷомбахши маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE