Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Ёвон ҳамоиш доир гардид
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 6 ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд. Имсол аз қабули ин санади сарнавиштсоз 30 сол сипарӣ мешавад. Маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз давлати мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Иброз гардид, ки 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми сарбаланди тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Он ба амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон