КОНСТИТУТСИЯ ВА СЕ ДАҲСОЛАИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ


Ҳамасола, 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда ва пурнишот – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин рӯз дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон сафҳаи тозаеро боз намуд. Имрӯз бо ифтихор иброз медорем, ки яке аз бузургтарин дастоварди ҷумҳуриамон ин қабули Конститутсия ба таври раъйпурсии умумихалқӣ мебошад, ки истиқлолияти миллии кишварро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Ќабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаҳои њуќуќии зиёдеро дар роњи рушди љомеа фароҳам овард. Аз љумла, дар он шабу рўзи хеле ҳасос, зарур буд, ки мақсади давлати тозаистиқлол, муайян карда шавад ва њамин буд, ки самти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тољикистон дар Конститутсия сабт гардид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун Бахтномаи миллат ва раҳнамои давлат ба сӯи музаффариятҳои навин маънидод мешавад, барҳақ яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати қабули ин қутбнамо маҷмӯи рӯйдодҳои навин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ оғоз гардиданд.
Ҳарчанд Конститутсияи мамлакат соли 1994 қабул гардид, аммо аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо пешниҳод ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва баррасии он оғоз ёфта, муҳимтарин нуктаҳои оини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол тарҳрезӣ шуданд.
Натиҷаи омӯзиш аз таҷрибаи давлатдории ниёгони шарафманд ва корномаҳои мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон, талошҳои пайваста, ғояҳои пешқадам ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маҷмӯи онҳо дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфта, роҳи дурахшони миллати моро зери ҳидоятномаҳои Роҳбари дурандешу хирадманди кишвар муқаррар намуд.
Талош ва ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фаъолияти минбаъда барои такмил ва татбиқи амалии ин санади таърихӣ як корномаи бузург аст. Танҳо ҳамин хизмати Президенти кишвар кофист, ки ин абармардро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем.
Далели қотеи дастгирии ислоҳоти конститутсионии Президент
Дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаю андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар поёни асри ХХ бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадуми асри ХХ шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конститутсионӣ мебошад.
Конститутсия ва ормонҳои давлатдории миллӣ
Расидан ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадияи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро ба куллӣ тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯи рушду инкишоф ҳидоят менамояд.
Маълум аст, ки ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф шуд. Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.
Хушбахтона, дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олӣ роҳи таърихии халқи тоҷик муайян гардид, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Аз ҳама муҳим, дар раъси барномарезиҳо ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳум қабули Конститутсия қарор дошт.
Ҳанӯз 20-уми июли соли 1994 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи ХIХ Шурои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту тақдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст». Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт.
Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона унитарӣ мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои қаблӣ ин мафҳум бегона буд.
Конститутсия ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ
Миллати тамаддунофари тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром мегузошт ва ғояҳои давлати демократиро мутафаккирони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл ҷонибдорӣ карда, онҳоро дар асарҳои гаронарзиши илмиву ахлоқии худ талқин намудаанд. Дар ҳақиқат ҳам, халқи тоҷик бо тамаддуни воло ва хираду дониши азалии худ аз қадим соҳиби давлат будаву беҳтарин намунаи давлатдорию давлатсозиро ба ҷаҳониён омӯзондааст. Маҳз, ҳамин хиради азалӣ буд, ки халқи мо дар лаҳзаҳои воқеан ҳам, душвори таърихӣ, тавонист таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишмандтарин санади ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намояд.
Маҳз, дар натиҷаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳое ба мисли волоияти қонун, давлати демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва садҳо мафҳуми дигар барои ҷомеаи мо мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуне, ки бевосита аз ҷониби халқ қабул гардидааст, нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад ва он ба сифати сарчашмаи асосии тамоми соҳаҳои қонунгузорӣ баромад мекунад. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст.
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, зеро кишвари моро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд. Яке аз бартариятҳои асосии Конститутсияи амалкунанда дар қиёс бо конститутсияҳои қаблӣ, дар шакли нав муқаррар намудани асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат маҳсуб мегардад, ки он барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистони тозаистиқлол замина гузошт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Мақсад аз эълон намудани соли маърифатӣ ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани падидаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Конститутсия ва шакли идораи президентї
Ќабули Конститутсия ва фаъолияти идораи президентӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз сурат гирифт, ки он ба 6 ноябри соли 1994 рост меояд. Конститутсия, агар кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намояд, пас Президент ҳомии Конститутсия ба шумор меравад ва инак, аз ин рӯйдоди таърихӣ 30 сол сипарӣ гардид.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторҳои гуногуни давлатдорӣ мавриди амал қарор доранд, вале идораи президентї ва парламентиро бештар давлатҳо мувофиқ дониста, интихоб кардаанд. Аз ин ҷост, ки қабл аз баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба низоми идораи парламентӣ ва президентӣ баҳсу мунозира авҷ гирифта буд.
Вобаста ба ин мавзуъ, дар Иҷлосияи XVIII-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози намуда буданд, ки: «…Шахсан ман ҷонибдори идораи мустаҳками президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад. Табиист, ки Президенти ЉТ низ бояд ба тарзи овоздињии умумихалқӣ интихоб гардад…».
Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ гардид. Давраи гузариш дар кишвар, ки хеле мураккаб ва ҳасос буд, воқеан ҳам ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёз дошт. Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буда, масъалаҳои душворро қодир аст ҳал ва иҷро намояд. Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти борабту низом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 64, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия, яъне, Раиси Ҳукумат мебошад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.
Институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал дорад ва он ба ташаккул ва инкишофи давлатдории тоҷикон ва низоми муосири сиёсӣ мусоидат намудааст. Дар Тоҷикистон таҷрибаи назаррас дар ташкил ва фаъолияти ин институт, заминаҳои ҳуқуқӣ, ки ташкил ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунанд ва муносибати байни Президентро бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян менамоянд, ба вуҷуд оварда шуд.
Конститутсия ва рушди Парламент дар Тоҷикистон
Мутобиқи Боби 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи қонунгузорӣ эътироф гардида, қабули қонунҳо танҳо ба салоҳияти он вогузошта шудааст. Институтҳои парламентӣ – раванди қонунгузорӣ, мақоми вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, муносибат бо Ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии худро ёфтаанд. Аз тарафи дигар парламент ягона мақоми намояндагии кишвар аст.
Боби 3 ягона боб дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар раванди ислоҳоти конститутсионӣ ба тағйиру иловаҳои ҷиддӣ дучор гардид. Ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 6 ноябри соли 1994, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як палата буд ва шакли асосии фаъолияти он Иҷлосия ба шумор мерафт. Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешуд.
Тавре њамагон медонем, 26-уми сентябри соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҳама бештар тағйиру иловаҳо ба боби сеюми Конститутсия, ки фаъолияти парламентро ба танзим медаровард, ворид гардиданд. Аз ҷумла мафҳуми Парламент бори нахуст дар Конститутсия тавассути ҳамин тағйиру иловаҳо истифода шуд. Мафҳуми Маҷлиси Олӣ ва Парламент ҳаммаъно нишон дода шудааст. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми дупалатагӣ муаррифӣ гардид, ки он аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад..
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шакли омехта, яъне ҳам тавассути интихоботи бавосита ва ҳам бо роҳи таъин намудани онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Яъне, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар Маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Нақши меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ
Конститутсия ба шумули қонуни олии давлат дар низоми қонунҳо дар сатҳи олӣ қарор дорад ва меъёрҳои он муносибатҳои бунёдии ҷомеаро танзим менамоянд. Дар моддаи даҳуми он таъкид шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».
Эътибори олӣ доштани Конститутсия аз он бармеояд, ки муносибатҳои асосӣ, муайянкунанда ва бунёдии ҷомеаро танзим менамояд ва дигар муносибатҳо аз онҳо маншаъ мегиранд. Муҳимияти ин муносибатҳоро ба инобат гирифта, Конститутсия ба таври махсус, аз ҷумла, аз тариқи раъйпурсӣ, қабул мегардад. Дар асоси Конститутсия дигар қонунҳо қабул мешаванд, ки меъёрҳои Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, онҳоро инкишоф медиҳанд, шаклҳо, тартиб ва роҳҳои амалишавиашонро муайян мекунанд.
Меъёрҳои Конститутсия мустақиман амалӣ мегарданд, ки мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда метавонанд бевосита онҳоро дар ҳалли масоили мушаххас ба роҳбарӣ гиранд ва татбиқ намоянд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани мухолифати байни меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, меъёрҳои Конститутсия мавриди татбиқ қарор дода мешаванд, зеро онҳо эътибори олии ҳуқуқӣ доранд.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо меъёрҳои Конститутсияро инкишоф дода, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба танзим дароварданд. Ин имкон дод, ки ҷомеа ба таври устувор ва пайваста пеш равад.
Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад. Хушбахтона, бо гузашти 30 сол ба мақсадҳои асосие, ки дар Конститутсия пешбинӣ шуданд, расидем. Пеш аз ҳама, ҳаёт собит кард, ки Конститутсия ҷавобгӯйи манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати риоя ва иҷрои меъёрҳои он равона созем, зеро ин амал нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардумро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонид.

Фирӯз КАРИМЗОДА,
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”,
Неъмат ДАВЛАТОВ,
муовини сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE