Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид. Дар ин хусус дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқии обии «Роғун» (Лоти 4) ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» тибқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин талаботи объективӣ, шароит ва хусусияте, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ташаккул ёфтаанд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бинобар ин, дастгирии иҷтимоӣ на танҳо аз баамалбарории сиёсати якҷонибаи давлатии ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нақдӣ ва кумакҳои моддӣ, балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст.
Маҳз фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд. Аз ин лиҳоз таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ соҳибкории иҷтимоӣ зарур аст.
Ҳамин тариқ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» бевосита ба ҳалли мушкилоти гуфташуда нигаронида шуда, ба татбиқи сиёсати имрӯзаи соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти иҷтимоӣ нигаронида шуда, сохтори давлатии мамлакатро инъикос менамояд, мувофиқат мекунад. Он ба иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бобати танзими механизмҳои нави амалисозии сиёсати иҷтимоии давлат дар самти муосирсозии системаи идоракунии соҳаҳое, ки сармояи инсониро ташаккул медиҳанд ва институтсионализатсияи системаи истеҳсолӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, барои васеъ ҷорӣ намудани соҳибкории иҷтимоӣ дар модели муосири иқтисодиёти миллӣ он воқеан бояд такони ҳавасмандгардонӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии умумии аҳолӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна, зиёд намудани манбаи андоз ва кам кардани сарбории пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ бо таъхири таъсири мусбати макроиқтисодӣ гардад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори (ҲРУ) Созмони Милали Муттаҳид буда, ба ин васила иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули симои мусбати мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун иштирокчии фаъоли рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дар таҳияи лоиҳаи ин қонун барои муайян намудани гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ (моддаи 8) меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ба монанди «Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ», «Низомномаи намунавӣ дар бораи баргузории озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Тартиби таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ва «Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ» истифода карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» комилан саривақтӣ буда, ба самти муосири рушди сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии давлат алоқаманд аст, барои бартараф кардани номувозинатии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад, таъмини муносибати одилонаи фарогирро дар амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ба ин васила беҳбуди устувори зиндагӣ ва некуаҳволии онҳо таъмин менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон