“Фарёди ишқ” дубора ҷон гирифт

Бахшида ба сазовор таҷлил гирифани 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Фарёди ишқ” – и Ғанӣ Абдулло баргузор шуд. Асари мазкур дар коргардонии Нозим Меликов рӯй саҳнаро дид.

Ин офаридаи классикӣ буда, бар асоси достони “Дувалронӣ ва Хизирхон” – и Амир Хусрави Деҳлавӣ эҷод шудааст. Бояд гуфт, ки намоишномаи “Фарёди ишқ” фарои 30 – соли пеш қариб дар тамоми театрҳои ҷумҳурӣ давр мезад ва мардум аз он фаровон баҳра мебардоштанд. Ба иқрори коршиносон ва мунаққидони театр, ин намоишнома метавонад дар рӯҳияи бинанда таъсиргузор бошад.

Се – чор насли ҳунармандони театри ба номи Лоҳутӣ дар ин асар ширкат варзида, нақшҳои муҳиму марказӣ офаридаанд. Акнун ба ин офарида дигарбора ҷон бахшида шуду бо колои тоза рӯйи саҳнаи Театри ҷавонон нахустнамоишаш доир гашт. Бозигарони қаҳрамонҳои марказии ин асар Дувалронӣ – Шогун Давлатбекова, Хизирхон – Фурқат Ҷомизода, Султон Алоуддин – Бунёд Комилов, Бонушоҳ – Моҳпайкар Ёрова, Аҳмадхоҷа – Абдумумин Шарифӣ, Муборакхон – Фаридун Раҷабов ва дигарон бо ҳунари воло пеши дидаи бинанда ҷилва намуданд.

Моҳияти асосии ин асар, бурхӯрди фикру андешаҳои мухталиф бар шеваи вижаи идораи ҷоҳу ҷалол, салтанати шоҳиву тоҷу тахти султонӣ, бархӯрди афкори мардуми одӣ бо зимомдорони давр, зиддияти равияву дину эътиқоду мазҳаб, нобаробарии вазъи зиндагии давлатдорону сокинони кишвар ва дигар мушкилоти замона буда, бархӯрди ҳама давру замонҳост.

Бешак, “Фарёди ишқ” яке аз шоҳасарҳои таърихӣ шумурда шуда, солҳои тӯлонист, ки дар саҳнаи театрҳои тоҷик аз сӯйи бозигарони наслҳои мухталиф намоиш дода мешавад.

Лутфуллои АЗИЗ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE