МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ КИШВАР ҶОИЗАДОРИ ҶОМИ РУШД-2021 ГАРДИД

Ташаббусу дастгириҳои ФФТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим бахусус футбол боис бар он гардид, ки ин соҳа сол то сол дар кишвар рушд кунаду ба муваффақиятҳои назаррас ноил бигардад. Тайи чанд соли охир мушоҳида менамоем, ки чӣ гуна футболбозони наврасу ҷавони кишвар аз ҷумла сар карда аз 15 то 19-сола дар мусобиқаҳои сатҳи қорваӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд, ки воқеан боиси ифтихору сарфарозист. Соли 2019 иштироки фаъоли онҳо дар Чемпионати Ҷаҳони Бразилия. То ба даври ниҳоӣ мусобиқаҳои осиёӣ роҳ ёфтани мунтахаби наврасони кишвар. Тӯли чанд соли охир иштироки фаъол доштани мунтахабҳои наврасони кишвар дар “Ҷоми рушд”,ки дар кишвари Белорус баргузор мегардад. Ҳамакнун дар соли 2021 соҳиби ин ҷом гардидан аз талошу дастгириҳои ФФТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Ҳарчанд ду дидори худро яке бо Қазоқистон ва дигаре бо Молдова бо ғалабаи калон пушти сар карданд, аммо барои ба даст овардани ҷоми ин мусобиқа танҳо рақобат намудан бо мунтахаби Белорус боқӣ монда буду халос. Дар дақиқаи 37-уми қисми аввали рақобат Иван Агеев, 37 ҳисоби дидорро кушода тими Белорусро ба пеш баровард.  Аммо бо гузораи танҳо як дақиқа Аббос Андалебов, 38 таносубро баробар карда мувозинатро дар рақобат ба миён овард. Бо ҳамин қисми аввали дидорро дастаҳо мусовӣ пушти сар карданд. Дар нимаи дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 54-ум Абдулфаттох Худойдодзода, ҳисоби дидорро тағйир дода тими моро ба пеш барвоард. Бо ин наврасони кишвар мувозинати бозиро бар дӯш гирифтанд. Сунатулло Азизов дар дақиқаи 64-ум голи сеюми тими мунтахабро ба нишон расонида роҳи муваффақияти тими мунтахабамонро бештар кард. Нуқтаи ниҳоии ин рақобатро дар дақиқаи 8-ум аз зарбаи пеналтӣ Амирдҷони Фаррухзод гузошту пирӯзии мунтахаби кишварро дар Ҷоми рушд таъмин сохт ва бо ҳамин мунтахаби наврасони кишвар дар соли 2021 ҷоизадори Ҷоми рушд 2021 гардиданд.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE