Тоҷикони ҳунарсолор

Фарҳангу анъана дар баробари пайдо шудани халқияту миллатҳо ба вуҷуд омада бо пешравии тараққиёти моддиву маънавӣ рушд меёбад. Яке аз падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст.

Аз замонҳои хеле дур то ба имрӯз ҳунару ҳунармандӣ бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоят, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо мутобиқ гардидааст. Косибону ҳунармандон дар офаридаҳои худ нақшу нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеӣ корбаст намуда, рамз ва маънии хоси онро ҳамчун нишони эътиқоду боварӣ ба фарҳанг ва урфу одати миллӣ инъикос менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳунарҳои мардуми рӯ ба рушд ниҳода, эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми барои тақвияти онҳо заминаи мусоид фароҳам овард, вале бо вуҷуди муваффақиятҳо дар ин ҷода камбудиҳо низ доранд. Барои рафъи онҳо унсурҳое вуҷуд доранд, ки бояд як қатор корҳо анҷом дода шаванд.

Муфарраҳ Музаффаров, сарвари ЧДММ «Рухом» мегӯяд, ҳарчанд имрӯз барои ҳунармандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, вале эшон ба якчанд мушкилот рӯ ба ру ҳастанд. ҶДММ «Рухом» зиёдтар бо коркарди санг машғул асту дар ин замина маҳсулоти гуногун истеҳсол мекунад, корро дар ин самт ҷоннок кардан лозим аст. Ҳамчунин, таъсиси маркази махсус барои ҳунармандон дар кишвар мувофиқи мақсад мебуд”.

Оид ба таърихи пайдоиш,  гузариш аз насл ба насл, то ба замони имрӯз расида омадани баъзе аз ҳунарҳои қадима, эҳёи баъзе аз ҳунарҳои азбайнрафта, раванди имрӯзаи пешрафти ин ё он ҳунар, машғул шудани ҳунармандон бо ҳунарҳои миллӣ, харидоргир будани маҳсули меҳнати онҳо моро водор мекунад, ки ба рукнҳои асосии рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус диҳем.

Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида, бешубҳа онҳоро ҳунармандони бузург номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:

           Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

            Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси cap намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу баобрӯй мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд: Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE