Тақдими каалиди хонаи панҷҳуҷрагӣ ба волидайни панҷгоникҳо
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1 июни соли равон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар ноҳияи Қубодиён дар вазъияти тантанавӣ ба падару модари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд.
Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст. Модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова ва дигар аъзои хонавода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ изҳори минатдорӣ намуданд.
Дар дохили хона барои кӯдакон ва волидайнашон тамоми шароити зарурӣ, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст. Ҳоло саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки дар ҳама гуна вазъият омода аст ба кӯдакон кумак расонад.
Ёдовар мешавем, ки 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ назир надорад. Дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад.