Ифтитоҳи роҳи мошингард дар ноҳияи Фархор
Имрӯзҳо раванди бунёдкориву созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, аз ҷумла биноҳои баландошиёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои то мактабиву миёна ва ҳамзамон мумфаршсозии кучаву хиёбонҳо дар тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ идома дорад.
Чунин як иқдоми дигар дар ноҳияи Фархор роҳандозӣ гардид, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 7 киломерт роҳи автомобилгарди ноҳияи мазкурро ифтитоҳ намуд.