Пахши барномаи “Ҷилои ҳунар”
Ҳафтаи қабли сафари хизмати доштем ба ноҳияҳои тобеъи марказ-водии Раштонзамин. Мақсад аз ин сафар ошно шудан бо кору бори мардуми меҳнатқарин, бо корҳои ободониву созандагӣ, бо вазъи иқтисодиву иҷтимову фарҳангӣ бо занҳои фаъолу ҳунарманди ин минтақа аз наздик шинос шудан ва барнома таҳия кардан ба самъи шунавандагон расондаан аст. Мо ҳам дар ин сафар аз баъзе суханҳои таҳқиромези роҳбарони баландпояи ноҳияи Рашт руҳафтода нашуда бо талошҳои зиёд тавонистем бо сокиноне, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун меҳнат мекунанд ҳамсуҳбат шавем. Албатта роҳи дарозро тайи намуда суханҳои қабеҳи роҳбарро шунида аз ин руафтода шуда, меҳнати шабонарӯзии сокинон ва сафари хизматиамро ба назар нагирифта бармегаштам худамро ноуҳдабаро меҳисобидам ва назди виҷдонам як умр азоб мекашидам. Мардум меҳнат мекунанд заҳмат мекашанд набояд нодида гирифт. Меҳнати онҳоро бояд қадр кард. Бо ин фикрҳо хостам бо ҳунармандони овозадори ин диёри зебоманзар аз наздик шинос шавам. Ҳаминтавр ҳам шуд. Бо яке аз ҳунармандони барҷастаи водии Раштонзамин, ки дар рушди ҳунарҳои мардуми саҳми беандоза доранд шунос шудам. Ин мавзуъ имрӯз дар барномаи “Ҷилои ҳунар” руи мавҷи 102.2 соати 14:10 дақиқа аз радиои Садои Душанбе пахш мегардад.
Муаллифи барнома Низорамоҳ Ғаниева