Тоҷикистон ва Малдив Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд

26 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Санадро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Малдив дар ин Созмон Алӣ Насир Муҳаммад ба имзо расониданд.

Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин созишнома аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ ва убур ва муваққатан бубудош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.

Ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ ба тариқи роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби тарафҳо бобати ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE