Тақрибан 1 миллиону 100 ҳазор хона дар Ҷопон метавонанд дар зимистони оянда аз нерӯи барқ ​​маҳрум шаванд

 

АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Никкей» хабар медиҳад, ки дар сурати сармои зимистони оянда Ҷопон метавонад ба яке аз шадидтарин бӯҳронҳои энергетикӣ дар таърихи ин кишвар рӯбарӯ шавад, ки тақрибан 1 миллиону 100 ҳазор хонавода бе барқ ​​монданианд.

Ба навиштаи нашрия, бӯҳрони пешбинишудаи энержӣ бузургтарин пас аз заминларза ва сунамӣ дар соли 2011 хоҳад буд.

Қайд карда мешавад, ки дар Ҷопон кори баъзе нерӯгоҳҳои ҳароратӣ боздошта шуд, дар ҳоле ки раванди дубора ба кор андохтани нерӯгоҳҳои атомӣ бо суръати хеле суст пеш меравад. Дар пасманзари низоъ дар Украина дар мавриди харидории минбаъдаи манобеъи энержӣ дар Русия суоли шадид ба миён меояд.

Дар робита ба камбуди пешбинишудаи нерӯи барқ, мақомоти кишвар тасмим доранд, дар ояндаи наздик як нишаст баргузор кунанд, ки дар он тадбирҳоеро, ки бояд барои ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои бӯҳрон дар фасли зимистон андешида шаванд, баррасӣ кунанд.

«Мо бояд тобистони имсола ҳарчи бештар нерӯи барқро сарфа кунем ва ба зимистон, ки таносуби талабот ва пешниҳод ба нерӯи барқ ​​боз ҳам сахттар мешавад, омода шавем», гуфт котиби генералии кабинети Ҷопон Хироказу Мацуно.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE