Андешаҳо перомуни “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”

Омӯзиш ва густариши илмҳои муосир омили асосии рушди тафаккури техникии инсон ва дастовардҳои бузурги он ба ҳисоб мераванд. Бо омӯзиши амиқи қонуниятҳои табиат ва амалинамоии он дар истеҳсолот, инсоният тавонист инқилоби бузурги техникиро ба амал овард. Дар ин ҷарраёни шидиди пешрафти  илму техника эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни муддао буда бо амалигардонии ин стратегияи илмӣ метавон дар сарнавишти таърихии Тоқикистони соҳибистиқлол саҳифаи рушди илмҳои муосирро боз намуд.

Доир ба дурнамои ин барномаи Бистсола дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои ташаккул додани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мухбири мо Манзура Шарипова, суҳбате дошт бо Меҳрдод Субҳонӣ, номзади илмҳои математикаю физика, Ризо Баҳромзод ва Хайём Раҳмонов, кормандони Иститути физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки айни ҳол фиурдаагро пешкашатон мегардонем.

Меҳрдод Субҳонӣ: – Барои ташаккули тафакури техникии насли наврас ва афзалият додани илмҳои техникию табиатшиносӣ, дар кишвари мо шароити аввалия фароҳам оварда шудааст. Захираҳои бузурги потенсиалӣ низ дар ин ҷода вуҷуд дорад ва баҳри коркарду истифодаи оқилонаи онҳо мутахасисони болаёқати дорандаи тафаккури илмию техникӣ лозим аст. Маҳз бо рушду омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ метавон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин намуда, сарватҳои бемислу монанди ватанро ҳадафмандона истифода намуд.

Ризо Баҳромзод: – Илм як соҳаи фаъолияти шуурноки инсон аст, ки барои таҳия ва банизом даровардани дониши объективӣ дар бораи воқеият нигаронида шудааст. Ин фаъолият таввасути ҷамъоварии далелҳо, мунтазам, навсозӣ ва таҳлил гардида, амалӣ карда мешавад. Дар ин асос, синтези донишҳои нав ё ҷамбасткуниҳо амалӣ шуда, падидаҳои табиӣ ё иҷтимоиро тавсиф мекунанд ва муносибатҳои сабабиро нишон дода, ба пешгӯӣ имкон медиҳанд. Тамоми дастовардҳои инсоният маҳсули омӯзиши амиқи қонуниятҳои физикию химиявӣ буда, нақши ин илмҳо дар рушди ҷаҳони муосир авалиндараҷа аст.

Хайём Раҳмонов: Мутахасисон ба он назаранд, ки рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ба омӯзиши босифати илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобаста аст. Ҳамаи тадбирҳои созанда ва имконоту бартариҳои давлатӣ дар ин самт ҳам ба ҳамин хотир роҳандозӣ шудаанд. Ин имконот дар шароити феълӣ дуруст ва самаранок истифода мешавад.

Меҳрдод Субҳонӣ: – Бале, воқеан, дар ҷаҳони муосир, ки инқилоби бузурги илмию техникӣ ҷараён дорад, дур мондан аз омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақик, риёзию техникӣ ин дур мондани мамлакат аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад. Дар марҳилае, ки дар саросари кишвар барои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзию техникӣ мушкилиҳое, аз зумраи нарасидани таҷҳизоти техникӣ, лабораторияҳои таҳқикотӣ ва дар ҳолати хароб қарор доштани  пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ба назар мерасанд.

Хайём Раҳмонов: – Барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли наврас ва дарёфти истеъдодҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ моро мебояд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсил аз кӯдакисто то донишгоҳҳои олӣ воситаҳои муосири тарғиб ва шавқмандгардониро ба роҳ монем. Баҳри амалинамоии ҳама идияҳо дар  самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шароити солим ва таҷҳизоти муосир лозим аст роҳандози намудани  шароити омузиши бошад, маблағи кофиро талаб мекунад.

Метавон гуфт, ки дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ дар ин самт, тарбияи кадрхои болаёқат ва вусъат бахшидан ба хамкорихои байналмилалии илмии соҳавӣ, рисолати имрӯзаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми муассисаҳои илмии кишвар мебошад.

Манзура Шарипова: – Боварӣ дорем, ки дар наздиктарин фурсат дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” тамоми мушкилоти дар ин самти ҳаётан муҳим мавҷудбуда бартараф  хоҳанд шуд, зеро ояндаи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба он вобаста аст, ки мо чӣ гуна метавонем дар камтарин фурсат ба фазои илми ҷаҳонӣ ворид шуда, илмро дар истеҳсолоти миллӣ мақсаднок истифода барем.

Манзура ШАРИПОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE