Пример Лигаи Англия: Идомаи силсилаи нокоми Манчестер Сити. Ливерпул пешсафиро дар Англия ба касе додани нест
Дар доираи даври 13-уми мсобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол дар рақобати маркази Ливерпул тими Манчестер Ситиро ба шикаст ру ба ру кард. Арсенал ва Челси низ тавонистанд рақибонашонро ба мағлубият дучор кунанд. Манчестер Юнайтед бар Эвертон пирузии комил ба даст овард.
Дар рақобати марказии даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии Англия дастаҳои Ливерпул ва Манчестер Сити андари майдони рақобат шуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Энфилд баргузор шуда, бар нафъи мизбонон ҷамбаст гардид. Рақобати миёни ин ду дастаи мудаии қаҳрамонӣ дар Англия хеле шадиду пурҳаяҷон сурат гирифт, аммо норасоии кадрии МС боиси мағлубияти ин даста гардид. Аллакай дар дақиқаи 12-ум Коди Гакпо бо истифода аз партофти Муҳаммад Салоҳ ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 78-ум Салоҳ аз пеналтӣ голи дуюми дастаашро ба нишон расонида, ба ин дидор нуқта гузошт. Бо ин натиҷа Ливерпул шумораи имтиёзҳояшро ба 34 адад баробар карда, мавқеашро дар садри ҷадвал мустаҳкамтар кард. «Арсенал» бо камбуди 9 хол дар зинаи дуюм аст. «Ман Сити» бошад 11 хол қафо монда, мавқеи панҷумро дар ҷадвал ишғол кардааст. Бо ин пирузӣ Ливерпул пайиҳам ҳафтумин ғалабаи худро ба даст овард. Қаблан онҳо бар Реал Мадрид (2:0), Саутгемптон (3:2), Астон Вилла (2:0), Байер (4:0) ва Брайтон ду бор (2:1 ва 3:2) ғолиб омада буданд. Бори охир сурхҳо 14 сентябр – Ноттингем Форест (0:1) мағлуб шуда буданд. Аз он вақт инҷониб онҳо дар ҳамаи мусобиқаҳо 15 ғалаба ва як мусовӣ доранд. Дар даври оянда 4 декабр Ливерпул дар сафар бо «Нюкасл» во мехурад.
Дар ин даври рақобатҳои пример лигаи Англия дастаи Арсенал дар сафар бо тими Вест Хэм ру ба ру шуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Лондон доир гашта, бо натиҷаи 2:5 бар нафъи тими Арсенал ҷамбаст гардид. Габриэл, Тросард, Эдегор, Хавертс ва Сака голҳои тими лондониро юа нишон расониданд. Ду голи дастаи Вест Хэмро УанБисака ва Эмерсон ба номашон сабт карданд. Арсенал ҳамакнун пас аз 13 даври мусобиқа бо доштани 25 имтиёз пас аз Ливерпул дар мавқеи дуюми ҷадвал қарор дорад. Вест Хэм бо 15 имтиёз дар мақоми 14-ум ҷой гирифтааст.
Дастаи дигари шаҳри Лондон Челси дар ин даври рақобатҳои мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол бо Астон Вилла ру ба ру шуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Стэмфорд Бридж доир гардида, бо натиҷаи 3:0 бар нафъи мизбонон ҷамбаст шуд. Ҷексон, Фернандес ва Палмер аз ҳайати тими Челси голҳоро ба нишон расониданд. Челси низ бо 25 хол вале бо тафовути голҳо пас аз Арсенал дар зинаи сеюм мавқеъ дорад. Астон Вилла бошад бо 19 имтиёз дар мақоми 12 –ум ҷой гирифтааст.
Дастаи Манчестер Юнайтед дар доираи даври 13-уми Пример Лигаи Англия дар майдони худ тими Эвертонро пазироӣ карда, онро бо натиҷаи бузург шикаст дод. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Олд Трафолд доир шуда, бо натиҷаи 4:0 хотима ёфт. Решфорд ва Зиркзе бо иҷрои дубл пирузии тими Манчестер Юнайтедро дар ин дидор таъмин карданд. Айни замон дастаи МЮ бо 19 имтиёз дар мақоми 9-ум қарор дорад. Эвертон бошад дар зинаи 15-уми ҷадвал бо 11 имтиёз мавқеъ дорад.
Дар доираи ин даври рақобатҳо ҳамчунин дастаҳои Брентфорд бар Лестер, Нотингем Форест бар Испвич ва Борнмут бар Вулверхемптон пируз омаданд. Дидори дастаҳои Тотенхэму Фулхэм, Брайтону Саутгемптон ва Кристал Пэласу Нюкасл бо натиҷаи якхелаи 1:1 мусовӣ ҷамбаст шуданд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Англия оид ба футбол пас аз 13 даври дидорҳо дастаҳои Вулверхэмптону Испвичу Саутгемптон дар таҳхонаи ҷадвал ҷой гирифтаанд.
Раҳмонзода Мижгона
Садои Душанбе