Тазоҳурот дар Валенсия

Ҳудуди 130 ҳазор нафар дар тазоҳуроти оммавӣ дар шаҳри Валенсияи Испания, ки як моҳ пеш бар асари обхезии харобиовар зарари ҷиддӣ дида буд, ширкат карданд.  Иштирокчиёни намоиш боз истеъфои мансабдорони вилоятро талаб карданд, ки онҳоро ба иҷро накардани масъулияти худ дар замони вазъияти изтирорӣ муттаҳам мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, бар асари обхезии моҳи октябр дар вилояти Валенсия беш аз 230 нафар ҷон бохтанд. Ба гуфтаи тазоҳургарон, пас аз зери об мондани баъзе минтақаҳо ба телефонҳои мобилии онҳо ҳушдорҳои фавқулода расидааст. Сардори вилоят Карлос Мейсон бошад истеъфо додани нест. Вай дар ҳукумати Валенсия тағйироти кадрӣ ба амал оварда, масъулони корҳои баркароркуниро баъди офати табиӣ аз нав таъин кард. Мейсон аз гирифтани масъулияти пурраи ҳодиса худдорӣ мекунад, аммо эътироф мекунад, ки хатогиҳо содир шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, обхезӣ, ки дар ин минтақа рух дод, аз ҷиҳати миқёс бесобиқа буд ва мақомот гумон аст, ки вазъро ба навъе тағйир дода метавонистанд.  Мейсон таъкид мекунад, ки ҳукумат тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то зерсохтори манотиқи аз офати табиӣ осебдидаро барқарор кунад.

                                                                                           Раҳмонзода М

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE