Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Имрӯз ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола 10-уми декабр дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар Кохи “Суруш”- и пойтахт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.Дар ҳамоиши бошукӯҳ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, кормандону масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, масъулини кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.Ҳамоишро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ бахшида, нахуст кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуд.Гуфта шуд, ки агар таърихи Истиқлоли кишварро ҳамчун арсаи тағйиру рӯйдодҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас дар таҳкими Истиқлоли кишвар нақши Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Пешвои миллат таъсис гардид ва ташаккул ёфт, хеле бузургу нотакрор аст.Ҳизби мо дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон созмон ёфта, бо сайъу талошҳои пайвастаи сарвари сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому манзалатии шоиста гардид.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми ҳизби роҳбарикунандаро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароити тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекарданд, ба даст овард. Боиси ифтихори мост, ки Сарвари муаззами ҳизбамон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба души худ гирифта, бо ташаббуси қабули қарорҳои қатъӣ ва раҳнамоии мардум барои татбиқи онҳо кишварамонро дар як муддати фарози фурсати таърихӣ кӯтоҳтарин ба суботи комил оварда расониданд, иброз дошт муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ. Ҳамзамон қайд гардид, ки Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерӯҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии мардумикишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд.Таъкид гардид, ки яке аз омилҳои ҳамеша дар атрофи арзишҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муттаҳид шудани мардуми кишвар аз он иборат аст, ки онҳо аз таҳти дил дарк менамоянд, ки ин арзишҳову ғояҳо аз суннатҳои накӯи миллӣ ва арзишҳои маънавиамон сарчашма мегиранд. Яъне талошҳои дар канори мардум будани ҳизб танҳо ба хотири ба даст овардани бартарии сиёсӣ набуда, балки чунин амал аз пойдевори боварӣ ва фарҳанги маънавию сиёсии масъулони ҳизб бармеояд.Абдуҷаббор Азизӣ тазаккур дод, ки ҲХДТ дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун неруи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ мебозад.Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ изҳори умед кард, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе