Бонки миллӣ барои гузаронидани пурсиши сотсиологӣ доир ба таваррум тендер эълон кард

Бонки миллӣ бо интишори як эълон ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватаниро ба иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум даъват кардааст.

Тавре дар эълони Бонки миллии Тоҷикистон омадааст, довталабони салоҳиятдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши навбатӣ бо аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум метавонанд бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, тел: (44) 600 31 45 (E-mail: fsalimov@nbt.tj) муроҷиат намоянд.

1. Довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд.

2. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: 20.01.2023

Эзоҳ: Инчунин эълони мазкур дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj) ҷойгир карда шудааст.

Вазифаҳои техникӣ

— Шумораи респондентон на кам аз 1500 нафар, интихоби тасодуфӣ, фарогирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, дар як сол чор маротиба, ҳар семоҳа;

— Усули пурсиш: тариқи телефонӣ;

— Мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пурсида шаванд;

— Шумораи занон ва мардон баробар бошанд ва фосилаи синну сол чунин гурӯҳбанди карда шавад: 18-25; 26-40; 41-65; 66+;

— Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот баъд аз анҷоми пурсиш дар формати SPSS ва Excel инчунин ҳисоботи таҳлилӣ формати Word ва Power Point. 

— Саволномаи пурсиш дар рафти гузаронидани тендер пешниҳод мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE