Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мегардад
Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 7 сентябр, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад. Дар ин хусус дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таълимӣ ва тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба нақша гирифта шуда, дар он 47 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Ҳадаф аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, баҳри оммавӣ гардидани он тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Тӯли чанд соли охир зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозиҳои миллии варзишӣ эҳё гардида, дар гӯшаву канори Тоҷикистон бо тарзу услубҳои хоси миллӣ гузаронида мешаванд.