Риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти риояи меъёрҳои сохтмонӣ, дар иншооти сохташаванда ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди кори таъсис дода шуда, ҳар як иншоот дар алоҳидагӣ мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Ба иттилои Бахтиёр Рустамзода- муовини раиси ноҳияи мазкур иҷрои ин масъала таҳти назорати бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба хоса раиси ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошта, дар ин кор як қатор корҳои амалӣ аз ҷумлаи санҷишҳо анҷом дода шудаанд. Ба маълумоти Саидобид Ҳафизов- иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти маҳал, дар соли ҷорӣ комиссияи мақомот ду ҳолати риоя нагардидани меъёрҳои сохтмониро аз ҷониби соҳибкорон дар ин иншооти баландошёнаи истиқоматӣ ошкор ва онҳо саривақт бартараф карда шудаанд. Дар ҳамин ҳол дар иртибот ба риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ноҳияи Рӯдакӣ Ҷасур Ғайюров- сардори Корхонаи воҳиди давлати сохтмони асосии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мегуяд, зимни қабули дилхоҳ тарҳҳои сохташуда он аз ҷониби мутахассисон вобаста ба ҷавобгӯ буданаш ба меъёрҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи шаҳрсозӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, сипас мавриди истифодаи умум қарор дода мешавад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 369 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд. То 10-уми декабри соли равон дар ноҳия зиёда аз 300 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст.
Тоҷиддин Сатторов
Садои Душанбе