Баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар»
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар»доир гардид. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша маросими даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявиро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин озмунҳои маърифатӣ барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани фарзандон ва аз ҷумла наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе