41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид
Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»
Дар ҷаласа тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ 41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд.
Бо мақсади мусоидат ба субъектони интихобот, ошкоро ва шаффоф баргузор шудани маъракаи интихобот ва инъикоси ҳамаҷонибаи раванди ташкилу баргузории интихобот бо қарори дахлдор маркази матбуотии муваққатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин тартибҳои иштироки воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саволу ҷавобҳо оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, вакилони ҷамоат, Роҳнамо оид ба омода намудани участкаи интихоботӣ ба рӯзи интихоботи вакилон ва дигар санадҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Зимни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои гуфташуда муҳокимаҳо доир шуда, аъзои Комиссияи марказӣ оид ба моҳият ва аҳамияти дастуру роҳнамо ва дигар қарорҳои қабулшуда мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.
Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»