Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд

 18 декабр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни сеюми байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба дар Муассисаи  давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо роҳнамоии Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон зиёда аз 60 ҷавон аз ҷумҳурӣ дар озмун иштирок намуд. Аз ҷумла, 4 нафар: Аҳмадҷон Назаров-донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Лола Иргашева- хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат», Зарнигор Бадалзода- хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» ва Албина Бердникова- омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» сазовори ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Озмуни сеюми байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ»  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, инчунин омӯзгорон аз давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуданд.

Озмун аз моҳи сентябр то декабри соли 2024 идома ёфта, дар он зиёда аз 900 нафар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE