Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд

21 декабр дар кӯчаи Соҳилии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони соҳаҳои тандурустию маориф, ҳифзи муҳити зист, ҷавонону варзишгарон ва дигар сохторҳои марбута таҳти унвони «Ободии пойтахт мароми мо, сокинони он мебошад» аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.Иштирокдорони аксия соҳили дарёи Душанберо дар кӯчаи Соҳилӣ пурра аз партов тоза намуданд. Сокинони пойтахт мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нишон дода, дар чунин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.Ин иқдом пеш аз ҳама, бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию тозагӣ ва созандагӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии сокинон гузаронида шуд. Мақсади дигари ин чорабинӣ ба шаҳри тозаю озода ва боз ҳам сабзу хуррам табдил додани шаҳри Душанбе мебошад.Ёдовар мешавем, ки имсол бо пешниҳоду иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Соли маърифати экологӣ эълон гардидааст. Он ба даъвати сокинони пойтахт ба тозагию озодагӣ ва ба дигарон талқин намудани маърифати экологии шаҳрнишинӣ мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE