Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE