ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд

 Охирин даврҳои мураббигии футбол оид ба барномаи сертификати «С» имсол дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд идома доранд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастурдиҳандаи даврҳои омӯзишии мураббигӣ дар Душанбе Алифбек Беромов, дар Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев ва дар Хуҷанд Боир Игамбердиев мебошанд.

Дар Душанбе 19 довталаб барои дарёфти иҷозатномаи мураббигӣ аз рӯи барномаи «С» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Барномаи даври омӯзишӣ аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат аст. Пас аз хатми даврҳо довталабон аз рӯйи барномаи таълимӣ имтиҳон месупоранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE