Чин: Заминларзаи шадид ва ҳалокати 50 нафар
Бар асари заминларзаи шадид дар яке аз баландкӯҳҳои Тибети Ҷумҳурии мардумии Чин беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Маркази Шабакаи сейсмологии Чин (CENC) хабар додааст, ки заминларза бо қувваи 6,8 дараҷа рух дода, боиси фуру рехтани биноҳои зиёд гардид. “То нисфирӯзии сешанбе заминларзаи 6,8 дараҷаӣ дар ноҳияи Тингри шаҳри Шигаҷзеи вилояти мухтори Сизанг рух дод, ки бар асари он 53 нафар кушта ва 62 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд”, — хабар медиҳад Синхуа бо истинод ба ситоди минтақавии мубориза бо офатҳои табиӣ.
Расонаҳои Чин мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ барои арзёбии паёмадҳои заминларза манотиқи аҳолинишини ин вилоятро тафтиш мекунанд. Ҳавошиносон гуфтанд, ки ҳарорат дар Тингри тақрибан 8 дараҷа сард аст ва шоми сешанбе то 18 дараҷа поин хоҳад рафт.