НАВОИ ҶОВИДОН

Ҳама сози ҷаҳон дар «Шашмақом» аст,

Замину осмон дар «Шашмақом» аст,

Магир осон баму зеру навояш,

Ҷаҳони тоҷикон дар «Шашмақом» аст.

 

Фарҳанг муқтадиртарин ва муқаддастарин дороии ҳар халқу миллат буда, дар ҳифзи арзишхҳои давлатдорӣ нақши бориз мегузорад. Тоҷикон бо ҳамин сарвати гаронбаҳо асрхост, ки миёни ҷаҳониён шуҳрат пайдо кардаанд, ки мероси бузурги адабиву санъати барҷастаи мусиқӣ, ёдгориҳои меъмориву таърихӣ аз муҳимтарин дастовардҳои ин миллат мебошад. Имсол аз мақоми давлатиро соҳиб гардидани «Шашмақом», чун шоҳкории мусиқии безаволи халқи тоҷик, 21 сол пур мешавад.

Боиси фараҳу қаноатмандист, ки Ҳукумати кишварамон таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллат тавонистанд мо тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Воқеан, фарҳанг барои миллати тоҷик сулҳро асос гузошт ва ин аст, ки фарҳанг барои миллати тоҷик чун ганҷи муқаддас бебаҳост. Пешвои миллат дар аввалин қадамҳо бо фарҳанги баланди худ тавонист, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанг нақш дошт. Ҳамин буд, ки ба ин фарҳанг давлат бунёд кардаву сулҳ офарида, ваҳдати миллатро таъмин карданду баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон аз нав бо ин фарҳанг халқи тоҷикро нерӯву тавони дубора бахшиданд.

Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Бунёди муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Рӯзи Шашмақом»,» Рӯзи Фалак», «Рӯзи Китоб», инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳириявию байналмилалӣ гувоҳи толошҳову нақшҳои Пешвои миллатанд.

Дар ин миён шоҳасари арзишманди миллати фарҳангсолори тоҷик будани «Шашмақом» асрҳост, ки ҳамдаму ҳамрози мардум буда, дар худ ҳазор асрори рангину нуҳуфта дорад. Он инсонҳоро бо оҳангҳои руҳнавозаш ба соҳили мақсуд мерасонаду пояҳои баланди ахлоқиву маънавӣ дорад. Оҳангҳои осмонии «Шашмақом» ҳанӯз аз замони пайдоишаш то ба имрӯз ҳаводорони зиёдеро дарёфтаву аз дил ба дил ва аз забон ба забон ҷойгузин гаштааст.

Ин шоҳкории беназир таърихи қадима дошта, матнҳои барҷастаи суханварони мумтозро дар худ ғунҷонидаву дар ҳазорон қалбҳо маъво гирифтааст. Воқеан, «Шашмақом» мусиқии сода набуда, ҳар як пардаву зеру бами он омӯзиш мехоҳад. Илми мусиқии ин асари таърихӣ қонуниятҳои худро дошта, то шахс онро аз дилу ҷон фаро нагирад, дарк карда наметавонад. Санъати классикии “Шашмақом” таърихи зиёда аз даҳ асра дошта, он қаблан барои шахсони сарватманд иҷро карда мешуд.

Бояд гуфт, ки мусиқии классикии “Шашмақом” аз шаш қонуни ибрат сарчашма гирифта, аз шаш атрофу акноф зеру бам ёфтааст. Тоҷиддин Раҳимов, овозхони Ансамбли давлатии “Шашмақом” мегӯяд, ин асари мусиқӣ садои тамаддунҳои бузург аст. “Дар мазмуни фарҳангҳои мусиқии олам ба монанди он падидаеро дастрас намудан ғайриимкон аст. Ягон тамаддун ва ягон миллати дигар дар олам дар доираи санъати шифоҳӣ бидуни сабти оҳанг чунин шоҳасари муҳташам эҷод накардааст. “Шашмақом” фалсафа ва мероси халқи фархангпарвару озодандешу соҳибмақом аст. Он ҷамбасти беҳтарин савту навои ниёгони мост, ки асоси тамоми мусиқиҳои халқҳои ҷаҳонро гузоштааст. “Готҳо” – и “Авесто” аввалин сабту навои халқи мо, суруду таронаҳои Борбади Марвазиву устод Рӯдакӣ оғози ин шоҳасари мусиқӣ ба шумор меравад. Тамоми рисолаҳои мусиқии шеръҳои равону оҳангоки шоирону ромишгарон гувоҳии аз он медиҳанд, ки санъати тоҷик чун дарёи бузург басо дилҳо ва боғи ҳунарии дигар халқҳоро шодоб намудааст”.

“Шашмақом”, ки ҳамчун ҳалқаҳои занҷираи фарҳанги мусиқии милли тамаддунҳоро бо ҳам мепайванданд, дар меросбари ва интиқоли беҳтарин анъанаҳои ниёгони ҳунармандони мо дар таносуби ҳамгироии шеъру оҳанг ва навою адаби тоҷикӣ дар фарҳанги имрӯзаи мо падидаи нотакрор дониста мешавад. Истиқлол дар ташаккулу рушди он гардишхои куллиро ба амал овард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумуъ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, инкишофи равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ҷумла, дар самти инкишофи санъати классикии “Шашмақом” барномаҳои зиёде қабул гардиданд. Имрӯз барои идомаи мактаби бузурги устоду шогирд дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба наврасону ҷавонон ҳунари шашмақомсароӣ омӯзонида, ҳамчунин, ҳамасола барои дарёфти ҳунармандони наврас дар самти шашмақомсароӣ озмуну чорабиниҳо гузаронида мешавад.

Санъати мусиқии “Шашмақом” яке аз падидаҳои нодири фарҳангии халқи тоҷик буда, фарзандони миллати тоҷик бо садои гирову маҳорати волояшон ҷалби ҷаводоронашонро тасхир кардаанд. Садои ҷовидонаи Маъруфхоҷа Баҳодуров, Содирхон Ҳофиз, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Зафар Нозимов, Мастона Эргашова, Ҷурабек Муродов ва даҳҳо хунёгарони ин санъати асил шуҳрату авҷи “Шашмақом” – ро то дуриҳои дур бурдаанд.

Бояд зикр кард, ки “Шашмақом” асари мусиқии суннатии халқи тоҷик буда, аз шаш мақом – Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Ҳар мақом ба тарзи силсилавӣ ва низоми муайян мураттаб шуда, аз навоҳои гӯшнавоз ва суруду таронаҳои дилчасп таркиб ёфта, дорои қоидаҳои махсуси лаҳнию зарбӣ ва шаклбандии ба худ хос мебошанд. Матни онҳо беҳтарин дурдонаҳои назми адабиёти классикии ҳазорсолаи халқамонро дар баргирифтаанд.

«Шашмақом» аз қисми созӣ (мушкилот), ду шуъбаи овозӣ (наср) иборат буда, зиёда аз 250 суруду оҳангро дарбар мегирад. Дар навоҳояш ҳам сурудҳои одии мардумии шӯху муфарраҳи бештар хусусияти рақсидоштаву иҷрояшон сабук (Тарона, Уфар) ва ҳам сурудҳои шаклан калону мураккаб (Сарахбор, Савт, Талқин) ҷой гирифтаанд. Мақомҳо дорои қонуниятҳои хоси зарбию санъати иҷроӣ лаҳнӣ ва шаклбандӣ буда, бо жанрҳои гуногуни назми адабиёти классикӣ, аз ҷумла муноҷот, соқинома, тарона, ғазал, мухаммас, мустазод ва амсоли инҳо пайвастагии зич доранд.

Қонунҳои назарию амалии «Шашмақом» ба тарзи аз даҳон ба даҳон ва раванди таълимии «аз устод ба шогирд» омӯзонида мешуд ва ҳоло ҳам идома дорад. Тавассути мактаби суннатии «устод–шогирд» аз ҷониби донанда ва иҷрокунандаи «Шашмақом», яъне устод тамоми назокату зебоӣ, бадеият, таҷрибаи ғании илмию амалӣ ва нозукиҳои ин шоҳасар ба шогирд омӯзонида мешавад. 70 мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом»таҷлил мегардад.

Ҳамзамон, Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ин замина, Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён, ки соли 1947 дар назди Радиои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, ва дигарон сафарбар шуданд. Дастаи мазкур баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додаст. Зимни ин тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси ҷомеа гаштанд.

Дастаи мақомхонон ҳамеша аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони иҷроӣ сафи хешро устувор намуда, дар паи дарёфти роҳу равиши нави иҷро ва тарғиби ин шоҳкории шеъру мусиқӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Аъзам Солиев ва баъдан Алмос Абдуллоев, Аслиддин Низомов, Абдувалӣ Абдурашидов, Д. Қурбонов ва Фурқат Саидов ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тилоии Радиои тоҷик сабт намудаанд. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд. Инчунин, Ансамбли давлатии Шашмақом соли 2000 бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.

Ҳоло сабти тамоми шуъбаҳои «Шашмақом» дар Фонди тилоии Радиои тоҷик маҳфуз аст. Ансамбл дар Симпозиумҳои байналхалқии иҷрокунандагони мусиқии халқии анъанавӣ ва классикӣ дар ш.-ҳои Самарқанд (1978, 1983, 1987), Теҳрон (2000), Исфара (2003), Душанбе (2006) ҳунарнамоӣ карда, бо дипломҳои дараҷаи 1 мушарраф гардидааст. Он иштирокдори рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар ЮНЕСКО (Париж, 2005) мебошад.

Маҷмӯан, “Шашмақом” мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон ва Тоҷикистон) аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароёни ин ансамбл тарғиб карда мешавад.

Умедҷон ХОЛОВ,

“Садои Душанбе”

Аз номи ҳайати эҷодиву техникии радиои “Садои Душанбе” кулли ҳамватанон ва роғибони ин санъати асили мусиқиро ба ифтихори Рӯзи Шашмақом табрик гуфта, барояшон сиҳатии комил таманно дорем!

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE