ЭЪЛОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, 1 сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 муовини сардор, 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармухассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН эълон менамояд.
Талабот ба довталабон:
Таҳсилоти олӣ: рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам
аз 2 то 6 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
– нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома (справка- объективка)
-маълумотномаи доғи судӣ.
Музди миёнаи меҳнат аз 1228 (ҳазору дусаду бисту ҳашт,) сомонӣ то 3300 (се ҳазору сесад) сомонӣ.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио), телефон барои
маълумот 227-65-69, 227-59-79.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.