Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон мераванд
12-13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом медиҳанд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти ин сафар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ хоҳад шуд.
Баъди мулоқоти сарони давлатҳо ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.