Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон базми наврӯзӣ баргузор шуд

Ҳайати ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор иштирок намуда, ҳамзамон мавзеъҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла Қалъаи Ҳисорро тамошо намуда, бо фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон шинос шуд, иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Ҳисор.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  дар боғи зимистонаи «Шаршара» ба муносибати ташрифи меҳмонон аз давлати ҳамсоя шоми фарҳангии пуршукуҳи наврӯзӣ баргузор карда шуд.

Зимни ҳамоиш роҳбарияти шаҳри  Ҳисор ва ноҳияи Сариосиёи Узбекистон доир ба таҳкими ҳамкории ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев беш аз пеш густариш меёбад,  сухан намуда, таҷлили ҷашни байналмилалии  Наврӯзро дар таҳкими дӯстию рафоқат ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар базми наврӯзӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор ва Маркази маданияти ноҳияи Сариосиё бо барномаи рангини консертӣ ба базми наврӯзӣ  сурур бахшиданд.

Солҳои охир иштироки меҳмонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии наздимарзии ду давлати ҳамсоя –Тоҷикистон ва Узбекистон дар таҷлили ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз  шашҳазорсола дорад, ба ҳукми анъана даромадааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE