ВОСЕЪ: ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТАБИӢ

9 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ ҳайати расмӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Кучабоғи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов боздид ба амал оварданд.Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 километр мавзеъҳои осебпазир ва зери хатари обхезӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Кучабоғ — 2600 метр, Кадучӣ — 1000 метр, мавзеъи дарёи Сурхоб — 3000 метр, деҳаи Файзобод — 1000 метр, Пушёни боло — 5000 метр ва деҳаи Гулистон — 2000 метр минтақаҳои хатарзо ба ҳисоб мераванд.Бо мақсади пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар деҳаи Кучабоғ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 450 метр аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Восеъ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ шуда истодааст. Барои иҷрои корҳои ҷорӣ 95 ҳазор сомонӣ равона гардида, 640 адад тахтасанг бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рехта шуда, қисми зиёди онҳо васл гардидаанд.Чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои наздик ба маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ бо суръати зарурӣ идома доранд. Ин тадбирҳо на танҳо ба таъмини амнияти аҳолӣ ва муҳофизати сарвати миллӣ равона шудаанд, балки барои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хисорот дар мавсими баланд шудани сатҳи об нақши калидӣ мебозанд.Зимни боздид, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳор доштанд, ки татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар самти беҳдошти ҳолати иншооти гидротехникӣ, обрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE