Маҳмадсаид Шоҳиён: бинои зимстонаи кинотеатри “Ватан” ба наздикӣ таъмир мешавад
Барои завқу салиқа ва ҳавасу ҳавсалаи бинандаи тоҷикро дар самти синамогарӣ соҳиб шудан, бояд синамои миллӣ рушд бахшида шавад, то бозори рақобатпариз ва устувор алорағми истеҳсоли филмҳои хориҷии дорои идеалогияи мухталиф тавли шавад. Дар ҳоли ҳозир ин яке аз масоили мубрами синамоофарони тоҷик буда, пеши масъулияти созандагони кинои ватанӣ рисолат ва надешидани тадбирҳои дигареро зам мекунад. Ин ва чанд масъалаи муҳими дигар дар нишасти хабарии Муассиса давлатии “Тоҷикфилм” матраҳ шуданд.
Фурсати фаротари 10 рӯзе, ки нишастҳои хабарии вазорату кумита ва ниҳодҳои мухталифи давлатӣ доир гардидан доранд, дар ҳамин доира низ маҷлиси ҳисоботии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар толори кинотеатри тозатаъсиси ба номи Тоҳир Собир бо ҳузури роҳбарияти ин ниҳод ва ширкати хабарнигорони давлативу ғайридавлатӣ доир гардид.
Аснои суханронии хеш директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, соли 2020 нахустнамоиши филмҳои “Автобус”, “Бачаи обӣ”, “Роҳ” ва банаворгирии филмҳои “Баҳори хазонрез” аз рӯйи романи “Моҷарои зиндагӣ” – и нависандаи саршиноси тоҷик Кароматулло Мирзоев дар коргардонии Раҷабалӣ Пиров оғоз гардид. Ҳамчунин, марҳилаи наворгирии филми “Охирин сайди сайёд” бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил ба анҷом расида, ҳоло дар марҳилаи банду баст ва тадвину танзими оҳангу мусиқӣ қарор доранд ва то рӯйи баҳор нахустнамоиши он низ баргузор карда мешудааст.
Дар ин асно, “Тоҷикфилм” чанд филми кӯтоҳмуддатро низ рӯйи навор овард, дар шумули “Чорроҳа”, “Рассоми сайҳ”, ки беовоз мебошад, “Бозӣ”, ва “Насиб”, ки ин офаридаи кӯтоҳмуҳлат баъди итмоми нишасти мазкур манзури тамошо карда шуд. Дар маърӯзаи хеш директори “Тоҷикфилм” таҳияи чандин филмҳои мустанадро дар соли 2020 қайд кард.
Дар ин росто, дар қисмати пурсишу посух рӯзноманигорон саволу пешниҳодоти худро ироа намуда, баён доштанд, ки муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳоло ба шеваи камкорӣ фаъолияташро ба роҳ монда, дар баробари муваффақиятҳо аз камбудиҳо низ орӣ набудааст. Минҷумла, аз сӯйи Шоҳиён нақша ё филмномае роҷеъ ба таҳияву наворгирии филмҳои таърихӣ пешниҳод нагардид ва нуқсу ҷурми асосии онро дар набудан ва пешниҳод нагардидани филмномаҳои таърихӣ марбут донист. Ҳамчунин, дар ҷамъомади мазкур ба масъалаи таъмиру тармими бинои кӯҳани кинотеатри “Ватан” рӯшанӣ андохта шуда, зикр рафт, ки бинои зимистонаи он таъмир хоҳад шуд.
Дар интиҳо, аз сӯйи аз сӯи раҳбарияти муассиса нақшаҳои соли 2021 қироат гардида, масъалаҳои ба замони муосир мутобиқ кардани кинотеатри “Ватан”, эҳёи мактаби синамогарони ҷавон таҳти унвони “Навомӯз”, таъмиру рангубори намои зоҳирии бинои муассиса, баргузории синамоҷашнвораи филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, баргузории нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” таҳия ва наворгирии филмҳои мустанад бахшида ба ҷашни “Наврӯз”, “20 солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай” – “Тоҷикистон” ва чанд филми ҳунариро ба таркиб дошт.
Лутфуллои АЗИЗ,
“Садои Душанбе”