Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо вазъи захираи маҳсулоти кишоварзӣ шинос гардид

20 феврали соли 2024 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҳамроҳи бо раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Боҳодур Аҳмадҷон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зафарбек муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, ва бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз нуқтаҳои захираи пиёз боздид намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд.

Зимни шиносои иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 10 адад нуқтаҳои захираи пиёз мавҷуд буда, талаботи имрӯзаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов қонеъ гардонида метавонад.

Ҳамзамон дар онҳо ба миқдори зиёда аз 6400 тонна захираи пиёз мавҷуд буда, барои содироти маҳсулоти мазкур омода мебошад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии «Солҳои рушди саноат 2022-2026», ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд, бояд барои амалӣ намудани ин дастуру супоришҳо дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзиро зиёд намуда, содироти он ба хориҷи кишварро таъмин намоем.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE