Дар Хатлон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилаҳамоишҳо доир мегарданд
Аз 21 апрел то 30 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилабарномаҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатӣ ва озмунҳо баргузор мегарданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои баргузории ин силсилаҳамоишҳо қарори Раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расидааст.
Баргузории озмунҳо, намоишҳо, вохӯриҳо, намоишҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар иқдоми тарбиявӣ дар доираи ин рӯзҳо ба рушди қобилияти эҷодию зеҳнии кӯдакон ва таҳкими маърифати иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.
Тибқи нақша, то 1 июн ҳамаи чорабиниҳо ҷамъбаст гардида, маросими тантанавии анҷоми он бо қадрдонии ғолибони озмуну мусобиқаҳо бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Хатлон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шурои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал 1 июни соли 1950 дар 51 давлати дунё таҷлил гардида буд.
АКС: АМИТ «Ховар»