Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 50 000 сомонӣ ба ҳар кадом иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон супорида шуд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ медали «80-солагии Ғалаба» тақдим гардид.
Ҳамчунин ба ҳар як иштирокчӣ туҳфаи Раиси вилояти Хатлон- 10 000 сомонигӣ ва кумакҳои пулии раисони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳо низ тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар вилояти Хатлон 8 иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ умр ба сар мебарад. Аз ҳама калонсолтарини онҳо Файзалии Сафаралӣ аст, ки дар шаҳри Бохтар истиқомат дошта, 102-сола мебошад.
Зайнулло Алиеви 100-сола низ дар шаҳри Бохтар умр ба сар мебарад. Ҳамзамон Гулмурод Тағоеви 101-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Розиқ Қосимови 99-сола дар ноҳияи Вахш, Машраб Давлатови 99-сола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳабиб Сафарови 99-сола дар ноҳияи Ҷайҳун, Мирзо Ғаффорови 99-сола дар ноҳияи Хуросон ва Яҳё Мирзоеви 99-сола дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон