ҲУНАРИ КОРГАРДОНИИ ЯК БОНУ ДАР РАДИО
Кам нестанд шахсиятҳое, ки бо раванди осоиштагӣ дар диёр ва имкониятҳои мусоиди фароҳамгашта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона заҳмат кашида, дар соҳаи интихобкардаи худ соҳибэҳтироманд. Аз худ дарак додани истеъдодҳои фаъол аз ҳисоби бонувони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели дастгирӣ ва фароҳамсозии имконияти мусоид аз тарафи роҳбарияти Кумита аст.
Бонуе, ки дар соҳаи худ муваффақ ва барои чандин кормандони баъдӣ идеалу устод аст, имрўз ўро коргардони дараҷаи олӣ ва собиқадори як соҳаи муҳимми идеологии давлат ном мебаранд, ин аст нафари хушном Раъно Валиева.
Заҳмат, талош, донишомўзӣ, зина ба зина бо завқу масъулияти баланд корро дар радио дақиқ омўхта, имрўз бо сайқали мукаммали касбӣ то ба сатҳи коргардони дараҷаи олӣ расидани бону Раъно Валиева далели муҳаббату садоқати ў ба Пешвои миллат, ба сарзамин, ба касби интихобкардааш, ба арзишҳои миллӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Мавсуф коргардони муваффақ дар шабакаи “Садои Душанбе” буда, аз соли 2003 инҷониб ҳамроҳи муҳаррирони ин радиои сершунаванда барномаҳои ҷолибу шуниданиро пешниҳоди сомеон мегардонад. Ногуфта намонад, ки барномаҳое, ки қаҳрамони мо банду баст месозад, ҳама мустақиман садо медиҳанд. “Файзи саҳар”, “Нигоҳи рўз”, “Чашми дил”, “Дунёи ҷавонӣ”, “Маҳфили дугонаҳо”, “Ҳафт авранг”, “Фарҳанг — ҳастии миллат”, “Навои дилошўб” ва дар ин қатор якчанд барномаҳои дигаре ҳаст, ки тавассути заҳмати муҳаррирон ва коргардони номбурда дар фазои орому осоиштаи Ватан танинандоз мегарданд.
Номбурда занест саропо хирад, ҳикмат, иффату таҳаммулпазирӣ. Як суол дар мавриди фаъолияти кориаш аз ҳамкоронаш пурсон шудем. Дар ҷавоб чӣ андешаҳову таассуротҳои ҷолибе нисбати чунин як сарсупурдаи касби коргардонӣ гирифтем. Аз суҳбатҳои кормандони радиои “Садои Душанбе” аён гардид, ки дар байни ҳамкоронаш эҳтироми зиёд дорад. Берун аз сабти барномаҳо онҳоро ҳикмати зиндагӣ меомўзонад.
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе” Фирўз Каримзода будани чунин шахсиятро дар байни ҳамкорон, ки касби хешро баробари масъулияти зиндагии шахсияш муҳим мешуморад, фоли нек арзёбӣ намуда, аз таъсираш ба кормандон ва ояндаи фаъолияти радиои мазкур умеди калон дорад. Ин нуктаро суҳбатҳои якчанд нафар коргарони ин идора Умедҷон Холов, Сангиной Тиллозода ва Мамлакати Саид исбот намуданд. Ҳамкорон аз хислатҳои ҳамидаи ў ёдовар шуда, аз хоксориву олуфтагии як зани серкору сертараддуд ҳангоми пахши барнома суҳбати ҷолиб намуданд. Мегўянд мо аз устод пайваста ибрат мегирем, тасаввур кунед пахши мустақим… муҳаррир бо мусоҳибон дар эфир ва коргардон пасти дастгоҳ.
Пўшида нест, ки то як барномае тавассути пахши мустақим садо диҳад, ба гўши шунаванда расад, баробари муҳаррир коргардон низ, заҳмат мекашад. Муҳаррир бо мусоҳиб суҳбат мекунад, аммо коргардонро мебояд суҳбати онҳоро назорат кунад, мусиқиро интихоб намояд, фазои орому озод ва мувофиқ муҳайё созад. Ана ҳамин истеъдод ва маҳорати касбӣ хосси коргардонии Раъно Валиева мебошад. Собиқаи коргардонии 22-сола дар шабакаи сершунавандаи Радиои Тоҷикистон, “Садои Душанбе” ўро муваффақ ва соҳибэҳтиром сохту барномаҳои мустақими ин шабакаро ҷолибу шуниданӣ ва шабакаро сершунаванда.
Ҳамин рисолати касбӣ Раъно Валиеваро дар ҷодаи интихобнамудааш комёб намуд ва ўро сазовори унвонҳои “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” гардонид.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2024 дар қатори чанд нафар собиқадори соҳа, бонуи серталаб ва коргардони дараҷаи олӣ Раъно Валиева бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.
Аҳли эҷоди шабакаи “Садои Душанбе” имрўз аз ин зани меҳнатдўст ва кордон дарси кору зиндагӣ меомўзанд. Таҷрибаи кор ва зиндагии Раъно Валиеваро барои хеш мактаб мешуморанд. Онҳо чунин андеша доранд, ки дар доираи корномаи ин бону ҳамарўза суҳбат намоем ҳам, нокифоя мемонад. Аз инҷо мо аз ин бони саропо ҳикмат тавассути барномаву пахшҳои мустақим дар шабакаи “Садои Душанбе” барои худ таҷрибаи корӣ омўхтем ва ин мактаби таҷрибаро ба ояндаҳо низ мерасонем.
Шоираи Додарбек,
Бознашр аз ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»