Дар шаҳри Тифлис ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ баргузор гардид

 Дирӯз дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ (RTG) ва Кумитаи ҳамкории гумрукӣ (CCC)-и Созмони ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин  ҷаласа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода муаррифӣ намуд, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар чорабинии мазкур иштирокдорон масъалаҳо вобаста ба модернизатсияи гумрукӣ, содагардонии савдо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (SPS), рақамикунонии савдо ва дигар ташаббусҳои фарогир дар доираи Барномаи ҳамгирошудаи савдои CAREC барои давраи то соли 2030 (CITA), тасдиқи ҳисоботи бахши тиҷорат дар соли 2023, инчунин Нақшаи амалии стратегии (RSAP) 2023-2025-ро муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE