Оғози форуми «Муколамаи вазирон дар заминаи устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об»

Дар доираи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе имрӯз форуми байналмилалӣ дар мавзуи «Муколамаи вазирон дар заминаи устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об» бо ҳузури намояндагони воломақоми кишварҳои минтақа, олимон ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз шуда, идома дорад. Ин ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар кори ҳамоиш аз ҷумла, Ерлан Нисанбаев, вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон, Медераш Машиев, вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон, Баҳодур Шерализода раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чаригелдӣ Бабанязев вазири ҳифзи муҳити зисти Туркманистон, Азиз Абдуҳакимов вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими Узбекистон ва Ясмин Сиддиқӣ мудири бахши кишоварзӣ, ғизо, табиат ва рушди деҳоти Бонки Осиёии Рушд ширкат доранд.

Дар оғози ҳамоиш Баҳодур Шерализода раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Зафар Маҳмудов мудири иҷроияи Маркази экологии Осиёи Марказӣ суханронӣ карданд.

Зимни ин ҳамоиш иштирокдорон дар суханрониҳои худ таъкид карданд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини манбаҳои обии худ ба ҷузъҳои криосфера, аз ҷумла пиряхҳо, барф ва яхбандии абадӣ вобаста ҳастанд ва аз ин рӯ қаторкӯҳҳои Тиёншон ва Помир манбаи асосии об барои минтақа маҳсуб мешаванд.

Дар ин росто зикр шуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо метавонад боиси афзоиши офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ ва ярч ва хушксолиҳои тӯлонӣ гардад, ки ин дар навбати худ ба суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳдид мекунанд.

Бо назардошти ин амалисозии иқдомоти фаврӣ ва ҳамоҳангшуда барои таҳияи стратегияҳое, ки ҳифзи пиряхҳоро дар чаҳорчӯбаи васеътари мутобиқсозии иқлим шомил мекунад, зарур дониста шуд.

Бояд гуфт, ки форуми мазкур аз аз ду ҷаласа иборат аст, ки иҷлосияи аввал сиёсатмадорони сатҳи баланд, аз ҷумла вазирони муҳити зистро гирди ҳам овардааст, ки стратегияҳо ва сиёсатҳои миллӣ барои ҳифзи пиряхҳо, мутобиқсозии иқлим ва ҳамкориҳо дар соҳаи обро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласаи дуюм бошад масъалаи роҳандозии шабакаҳо ва мушорикат барои таҳкими талошҳо ҷиҳати ҳифзи табиат бо иштироки ҷомеа, бахусус ҷавонон, занон, донишмандон ва бахши хусусӣ матраҳ мешавад.

Зиёратшо Аҳмадов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE